LIVE

Самуэл Это’О ба садама дучор шудааст

Ҳамлавари собиқи “Барселона” Самуэл Это’О пас аз садамаи нақлиётӣ дар беморхона бистарӣ шуд, дар ин бора Mundo Deportivo бо такия ба хабари Би-би-си навиштааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Это’о дар яке аз минтақаҳои Камерун ба автобус бархӯрдааст. Расонаҳои хабарии Камерун қайд мекунанд, ки бархурд хеле вазнин сурат гирифта, дар ҷои ҳодиса мошини ёрии таъҷилӣ пайдо шуд ва ба бозигар кӯмаки аввалия расонид. Собиқ футболбози 38 сола дар дастаҳои “Реал Мадрид”, “Майорка”, “Барселона”, “Интер”, “Анжи”, "Челси", "Эвертон", "Сампдория", "Анталяспор", "Коняспор", ва чемпионати Қатар бозӣ кардааст. Это’О се маротиба Лигаи чемпионҳоро ба даст оварааст ва се маротиба чемпиони Испания низ шудааст. Дар корномаи варзишии худ ӯ як маротиба дар Серияи А низ  қаҳрамон гардидааст. Самюэл беҳтарин нишонзан дар таърихи мунтахаби Камерун маҳсуб меёбад, ки ҳамлагар аз солҳои 1996 то 2014 дар ҳайати он бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив