LIVE

Полис нисбати писари Роналду парванда боз кард

Полиси ҷазираҳои Мадейра пас аз он  ки хоҳари Криштиану Роналду Элма навореро дар интернет паҳн кард,  нисбати писари 10 солаи ҳамлагари дастаи “Ювентус” тафтишотро оғоз кард. Дар наворҳо дида мешавад, ки кӯдаки 10 сола мустақиман ба рондани мототсикли обӣ машғул аст.  
Муаллифи видео аммаи наврас - Элма, ки хоҳари Роналду мебошад ва видеои гирифташударо ба шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст. Матбуоти Португалия идао дорад, ки ин видео рӯзи шанбе дар Пол До Мар дар наздикии ҷануби Мадейра ба навор гирифта шудааст, ки дар он ҷо Криштиану Роналду бо хешовандонаш истироҳат мекунад. Дар Португалия барои идора кардани гидротсикл иҷозатномаи махсус лозим аст, ки он танҳо ба шахсони ба балоғат расида дода мешавад. Дар сурати тасдиқ шудани ҳолати мазкур Криштиану Роналду барои писараш ҷаримаи калон пардохт хоҳад кард. 

Next Post

Комментарии 1

Смс
Смс от 14 июля 2020 18:59
Полисҳоро пул кати мезана парванда ай ёдшон меброя

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив