LIVE

Барои як пост дар Instagram Роналду чӣ қадар маблағ кор мекунад?

Ҳамлагари мунтахаби Португалия Криштиану Роналду тавассути Instagram аз ҳама бештар маблағ ба даст омеорад.  Тибқи омори нашркардаи Би-Би-Си, барои як пост дар шабакаи иҷтимоӣ футболбози мазкур тақрибан 1,35 миллион евро мегирад.
Ба рӯйхати гаронтарин "Инстаграм" инчунин саҳифаи ҳамлагари “Барселона” ва тими миллии Аргентина Лионел Месси дохил шудааст. Аргентинӣ бо нишондиҳандаи 0,93 миллион евро барои як нашр дар ҷои ҳафтум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли 2021 Криштиану Роналду аввалин нафаре шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ 300 миллион муштарӣ пайдо кард. Шабакаи иҷтимоии "Instagram" наздики 1 миллиард обуначӣ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив