LIVE

Мората - ин Мбаппеи испанӣ аст

Ҳамлагари мунтахаби Испания аз тарафи мухлисони тимаш таҳдид ва паёмакҳои ҳақоратомези зиёдеро қабул намудааст. Худи Мората мегӯяд, ки аз сабаби ин ҳама интиқодҳо ман умуман хоб накардам ва изҳор дошт, ки бояд тарафдорони мунтахаби Испания ба ман боварӣ дошта бошанд. Ин ҳама суханҳои интиқодӣ пеш аз бозии даври ниманиҳоии Чемпионати Аврупо буд. Баъди иҷро накардани зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра дар бозӣ муқобили Италия Мората боз зери тозиёнаи танқиди ҳамагон қарор гирифт.


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр паёмҳои танқидӣ бар суроғаи Мората нашр шуданд:


«Мората — ин Мбаппеи испанӣ аст».

«То ҳол мегӯям, ки заифтарин футболбози испанӣ ин Мората аст».

«Ту дар мусобиқа ягон пеналтиро ба самар расонида натавонистӣ!».

«Мората дар тӯли ҳаёташ дигар бояд пеналти назанад. Вай хеле бад буд».

«Мората имконият дошт, ки қаҳрамони бозӣ гардад, аммо ӯ қаҳрамони нақши манфӣ буданро интихоб кард».







Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив