LIVE

“Ювентус” аз хизматрасонии Мората даст мекашад

“Ювентус” дар баробари анҷом ёфтани мавсим аз хизматрасонии ҳамлагр - Алваро Мората даст мекашад. Дар ин бора матбуоти Испания иттилоъ медиҳанд. Мората футболбози тими “Атлетико” -и Мадрид маҳсуб мешавад. Агар футболбози мазкур дар “Ювентус” барои як мавсими дигар боқӣ монад, пас он вақт туриниҳо ба ҳамтоёни испании худ 10 миллион евро пардохт мекунанд. Дар шароити бӯҳрони молиявӣ, “Ювентус” ин гуна пулро пардохт карданӣ нест. Дар мавсими ҷорӣ Мората 35 бозӣ гузаронида, 16 гол зада, 12 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив