“Ювентус” дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо аз бошгоҳи “Барселона” шикаст хурд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи Алянс Ювентуси Турин доир гашта, бо ҳисоби 0 бар 2 ба суди меҳмонон поён ёфт.
Тӯбии якумро дар дақиқаи 14-ум Усмон Дембеле вориди дарвоза намуд. Дар дақиаи 85-ум футболбози мизбонон Демирал бинобар рафтори дағалона бо корти сурх муҷозот шуда, бозибадар шуд. Дар лаҳзаҳои охири майдондорӣ туриниҳо дар ҷаримагоҳи худ боз қоидаро вайрон намуданд. Довар пеналтӣ таъйин намуд ва Лионел Месси бо вуффаққият онро ба гол тадбил дод. Ёдовар мешавем, ки ҳамлавари “Ювентус” Алваро Мората се гол зад, аммо довар аз сабаби ҳолати офсайд голҳоро ба инобат нагирифт.