LIVE

Дарвозабоне, ки ба дарвозаи "Атлетико" гол задааст, ба "Севиля" гузариш намуд

Дарвозабони 29-солаи «Эйбар» Марко Дмитрович бозигари дастаи «Севиля» шуд.

“Бошгоҳ бо дарвозабон Марко Дмитрович ба мувофиқа расидаанд, ки чор мавсими оянда дар даста бозӣ кунад. Дмитрович аллакай ба тайёриҳои пеш аз мавсимии дастаи «Севиля» ҳамроҳ шуд”, - чунин омадааст дар сомонаи расмии даста.

Дар мавсими гузашта дар бозии даври 19-уми Ла Лигаи Испания бо «Атлетико», Дмитрович зарбаи ҷаримавии ёздаҳметраро ба ҳадаф расонид. Барои дарвозабони сербӣ ин аввалин гол ба ҳисоб меравад.

Дмитрович дар ҳайати «Эйбар» дар 131 бозӣ иштирок намуда, 180 гол ба дарвозааш сар додааст. Боз дар чанд дастаҳои дивизиони поёнии Испания низ бозӣ кардааст. Дар мунтахаби Сербия Дмитрович дар 18 бозӣ иштирок намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив