LIVE

«Челси» ва «Атлетико» дарвозабонҳои худро иваз мекунанд

Дастаи лондонии «Челси» омодааст, ки дарвозабони худ Кепа Аррисабалагаро бо бозигари тими «Атлетико»-и Мадрид - Ян Облак иваз кунад. Дар ин бора The Mirror хабар медиҳад. Кепа Аррисабалага соли 2018 аз тими “Атлетик” бо арзиши 80 миллион евро гузариш намуда, гаронарзиштарин дарвозабон дар таърихи футбол шуд. Арзиши Ян Облак дар бозори гузаришҳо 100 миллион евро гуфта мешавад. «Челси» мақсад дорад, ки дар ин гузариш Кепаро низ ҳамроҳ кунад. Дарвозабони мунтахаби Словения феълан яке аз беҳтарин бозигар дар мавқеи худ номида мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив