LIVE

Се бошгоҳ хоҳиши ба даст овардани ҳамлагари “Арсенал”-ро дорад

Ҳамлагари “Арсенал” - Александр Ляказетт метавонад дар равзанаи трансферии тобистона бошгоҳашро иваз кунад. Хабаргузории испании "ESPN" менависад, ки ба ин нишонзани 29-солаи  фаронсавӣ, тимҳои “Севиля”, “Атлетико” ва “Рома” мароқ зоҳир намудаанд. 
Шартномаи ҷории Ляказетт бо “Арсенал” то моҳи июли соли 2022 амал мекунад. “Арсенал” метавонад Ляказеттро тобистон ба фурӯш гузорад, то нагузорад, ки ӯ ба симати агенти озод тарки даста намояд. Дар бораи тамдиди шартнома то ба ҳол ҷонибҳо хомӯшанд.
“Атлетико”, “Севиля” ва “Рома” пайгири тақдири Ляказетт дар Лондон ҳастанд. Transfermarkt арзиши футболбозро 35 миллион евро ҳисоб мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив