LIVE

Ляказетт ва Обамеянг ба "Арсенал" ғалаба оварданд

«Арсенал» дар даври аввали чемпионати Англия «Фулхэм»-ро шикаст дод.  Ин бозӣ дар майдони «Фулхэм» сурат гирифт. Дар дақиқаи 8-уми дидор, ҳамлагари  «Арсенал» Александр Ляказетт ҳисобро боз кард. Дар оғози қисми дуюм, дар дақиқаи 49-ум муҳофизатгари бразилӣ Габриэл голи дуюмро ба самар расонид.  Баъди 8 дақиқа ҳамлавари дигари «Арсенал» Пйер-Эмерик Обамеянг голи сеюми меҳмононро ба қайд гирифт. Бозигари ҷадиди «Арсенал» Виллиан дар аввалин бозии худ ду партофти головар анҷом дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив