LIVE

“Арсенал” тобистон якбора аз панҷ бозигараш ҷудо мешавад

“Арсенал” нақша дорад, ки аз ҳисоби музди меҳнат маблағҳои худро каме ҳам бошад сарфа намояд. 
Тибқи иттилои Mirror, дар ҷараёни равзанаи трансферии тобистона, лондониҳо тасмим гирифтаанд, ки якбора бо панҷ бозигар шартномаро бекор кунанд. Инҳо ҳимоятгарон Беллерин ва Давид Луис, нимҳимоятгар Муҳаммад Эл - Ненни, инчунин ҳамлагарон Александр Ляказетт ва Эдвард Нкетия мебошанд.
Шартномаи Дэвид Луис бо “Арсенал” тобистони имсол ба охир мерасад ва клуб ният дорад, ки созишномаро бо ин футболбози 33-сола тамдид накунад. Созишномаҳои Эл Ненни, Нкетия ва Лаказетта то 30 июни соли 2022 эътибор доранд ва маҳз тобистон  “Арсенал” метавонад аз ҳисоби гузаришҳои онҳо ба дастаҳои дигар пул ба даст орад, то дар охири шартнома онҳо ҳамчун агенти озод ройгон нараванд.
Дар мавриди Эктор Беллерин, роҳбарияти даста умедвор аст, ки аз ҳисоби бозигари канорӣ маблағи хуб ба даст меорад. Ба ақидаи роҳбарият дар мавқеи ҳимоятгари рост - доштани ду бозигар кифоя аст. Шартномаи Беллерин бо “Арсенал” то тобистони соли 2023 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив