LIVE

«Ювентус» футболбозони дастнораси худро эълон кард

Роҳбарияти бошгоҳи «Ювентус» панҷ футболбози дастаро ба ҳеҷ ваҷҳ дар равзанаи гузаришҳои тобистона намефурӯшад.
Дар дастаи шаҳри Турин танҳо панҷ футболбоз дастнорас ҳисобида мешаванд. Инҳо ҳимоягарон Маттейс Де Лигт ва Данило, нимҳимоятгарон Артур, Федерико Кеза ва Кулушевский мебошанд.
Дигар ҳама футболбозони боқимондаро дар сурати пешниҳоди хубе гирифтан дар равзанаи трансферии тобистона фурӯхтан мумкин аст.
Ҳамлагар Криштиану Роналду дар феҳристи нафарони дастнорас, шомил нашудааст ва  ҳарчанд ба гуфтаи директори варзишии «Ювентус» – Фабио Паратичи, даста нақшаи ҷудо шудан аз португалиро надорад.
Агар футболбози 36-сола тобистони имсол дастаро тарк накунад, пас туриниҳо 31 миллион евро пардохт мекунад. Агар ӯ «Ювентус» дар даста боқӣ монад, пас ҳамлагари аргентинӣ – Пауло Дибала фурӯхта мешавад. 
Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Ювентус» ҳанӯз барои Роналду пешниҳодҳо надорад ва футболбоз озод аст, то дар бораи ояндаи худ тасмим бигирад.
Айни замон дастаи «Ювентус» бо 55 имтиёз дар ҷадвали Серия А ҷои сеюмро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив