LIVE

Агенти Роналду бо президенти «Реал» бозгашти футболбозро баррасӣ карданд

Ҳамлагари “Ювентус” - Криштиану Роналду метавонад дар равзанаи трансферии тобистона дастаро тарк кунад. Тавре телевизиони El Chiringuito хабар дод, агенти футболбоз Жорже Мендеш бо президенти “Реал Мадрид” - Флорентино Перес дар бораи бозгашти эҳтимолии ҳамлагари португалӣ гуфтугӯ кард. Ҷузъиёти сӯҳбати онҳо гуфта нашудааст.
Роналду аз солҳои 2009 то 2018 дар “Реал” бозӣ кардааст. Бо бошгоҳи шоҳона ӯ 15 ҷомро ба даст овард, аз ҷумла ду унвони қаҳрамони Испания, ду Ҷом ва ду Суперҷоми кишвар, чор ҷоми Лигаи Чемпионҳо, ду Суперҷоми УЕФА ва се маротиба ғолиби чемпионати ҷаҳон байни клубҳоро ба даст овардааст. 
Шартномаи Роналду бо “Ювентус” то тобистони соли 2022 амал мекунад. Дар мавсими ҷорӣ, ҳамлагари 36-сола дар Серияи А-и Италия 22 бозӣ гузаронида, 20 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив