LIVE

Муборизаи “Барса”, “Юве” ва “ПСЖ” барои Белерин

Эктор Белерин, ҳимоятгари Арсенал шояд дар зудтарин фурсат дастаашро иваз кунад. 
Тибқи иттилои Calciomercato, “Барселона” - и Каталония, “Ювентус”-и  Турин ва “Пари Сен-Жермен”  ба испании 25-сола таваҷҷуҳ доранд. Мубориза байни се дастаи бузурги Аврупо барои Белерин  шояд охири мавсим оғоз шавад. Дар ин мубориза коршиносон дастаи “Барселона”-ро фаворит медонанд. 
Эктор Беллерин дастпарвари Ла Масия, Академияи нилунориҳо  мебошад. Бошгоҳи “Арсенал” футболбози мазкурро тобистони соли 2011, дар синни 16-солагӣ, ба маблағи 500 ҳазор евро харида буд. Шартномаи ӯ бо лондониҳо  то 30 июни соли 2023 амал мекунад.  Transfermarkt  Экторро 28 миллион евро тахмин мезанад.
Қаблан президенти собиқи “Барселона” ва ҳоло номзад ба ин мақом Жоан Лапорта эълон дошт, ки Эктор Белеринро ба Каталония бармегардонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив