LIVE

Месси бештар ба дастаҳои поёнии ҷадвал гол задааст

Ҳамлагари «Барселона» - Лионел Месси бештари голҳои худро дар мавсими ҷорӣ ба дарвозаи дастаҳое, ки дар зинаҳои поёнии ҷадвали умумии чемпионати Испания  қарор доранд, ба ҳадаф расонидааст. Ин таҳқиқотро  журналистони сомонаи BeSoccer ва муҳаррирони маркази омории ProFootballDB нашр кардаанд. 
Тибқи маълумотҳо футболбози 33 сола аз 21 гол 17 ададашро ба дарвозаи дастаҳои заиф равона кардааст. Месси аз миёни тимҳои болоии ҷадвал танҳо ба дарвозаи дастаҳои  «Атлетико», «Севиля», «Гранада» ва «Реал Сосйедад» голзанӣ намудааст. 
Дар мавсими гузашта баръакси ҳолат буд. Месси бештари голҳои худро дар Ла Лига ба дарвозаи топ-10-и ҷадвал ба ҳадаф расонида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив