LIVE

Шикасти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз дастаи Миср дар Ҷоми миллатҳои Араб

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ҳунарнамоии  худро дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021 ба анҷом расонд.

Дар бозии чорякфиналӣ тими ҷавонони мо аз яке аз муддаиёни асосии мусобиқа - тими Миср бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Ҳамин тариқ, дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021, ки  дар Қоҳира ҷараён дорад, дастпарварони Аҳлиддин Турдиев чор вохӯрӣ баргузор карданд. Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дастаҳои АМА (3:2) ва Ҷибути (5: 0) -ро мағлуб кард ва инчунин аз тими миллии Марокаш (1:6) мағлуб шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив