LIVE

УЕФА назди мусалмонон пиво намегузорад

Дар баъзе ҳолатҳо дар нишастҳои матбуотии Евро-2020 назди футболбозон шишаҳои пивои ғайриспиртии Heineken  гузошта намешаванд.
"Мо қабл аз нишаст аз футболбозони мусалмон хоҳем пурсид, ки онҳо муқобили шишаҳои пивои рӯи мизҳо ҳастан ё не",- гуфт сухангӯи UEFA.
Тибқи гузоришҳо, истеҳсолкунандаи пиво Heineken, ки сарпарасти Евро-2020 мебошад, ба ин равиш мухолиф нест. Ташкилкунандагони мусобиқа мехоҳанд аз такрори вазъе, ки пас аз бозии Евро-2020 байни тимҳои миллии Фаронса ва Олмон (1:0) рух додааст, ҷилавгирӣ кунанд. Пол Погба, ки ба нишасти матбуотӣ омада буд, шишаи пиворо аз болои миз дур кард. Нимҳимоятгари фаронсавӣ мусалмон аст, шояд инро бо сабабҳои динӣ анҷом додааст. Дар натиҷа, дар нишасти навбатии матбуотии  тими миллии Фаронса, ки Карим Бензема дар он ширкат дошт, дар рӯи миз шишаи пиво набуд.
     Сухангӯи Heineken дар шарҳи ин ҳодисаи марбут ба Погба гуфт: “Мо аз таблиғи истеъмоли машрубот дур ҳастем. Пивои бе спирти Heineken ба одамон имкон медиҳад, ки миқдори спирти истеъмолшударо кам кунанд ва ба пивои ғайриспиртӣ гузаранд. Ин ба муштариён интихоби бештар медиҳад.”

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив