LIVE

Интизориҳои Роналду аз Евро-2020

Форварди мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар бораи интизориҳои худ аз чемпионати Аврупо нақл кард.
Португалиҳо дар Евро-2020 бо Олмон, Фаронса ва Маҷористондар як гурӯҳанд.
«Мо ҳама дастаҳоро эҳтиром мекунем. Бозиҳо осон нахоҳанд буд. Ман ҳис мекунам, ки гӯё бори аввал  дар Евро ҳастам. Ҳоло ман ҳамчунон ҳавасмандам, ки дар соли 2004 вақте бори аввал ба чемпионати Аврупо омаданам будам. Шояд ҳатто қавитар.
Мо қаҳрамони феълӣ ҳастем ва бори дигар дар байни довталабони ҷом қарор дорем. Барои пирӯзӣ ваъда додан, пешгӯӣ кардан ҳеҷ маъное надорад. Ман танҳо ваъда дода метавонам, ки мо дар ҳар бозӣ барои пирӯзӣ бозӣ хоҳем кард”,- гуфт Роналду.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив