LIVE

Сантуш гуфт, ки Роналду кай тарки майдон мекунад

Сармураббии тими миллии Португалия Фернандо Сантуш дар бораи ояндаи ҳамлагари "Ювентус" -  Криштиану Роналду сухан гуфт. 
«Роналду омода аст то синни 40-солагӣ бозӣ кунад, аммо намедонад, ки то чӣ андоза ин мақсадаш амалӣ мешавад ё не. Замоне, ки ба сатҳи муайяне мерасад ва эҳсос мекунад, ки дигар он қувваву иқтидори қаблиро надорад.  Ӯ аз зумраи бозигароне нест, ки ба поёнравии ҳунараш  тоб оварда тавонад. Вақте, ки ҳис мекунад, ки замони сукути ҷилододанаш фаро расидааст, худаш меравад.
Вақте ки ӯ ҳис мекунад, ки ӯ дигар наметавонад Роналду бошад, нафари дигар будан намехоҳад”, иқрор шудааст Сантуш.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив