LIVE

Бозиҳои даври сеюми Ҷоми Амрико

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Амрико (Copa America), ки дирӯз байни мунтахабҳои Колумбия бо Перу ва Аргентина бо   Парагвай баргузор гардид, рӯйдодҳои ҷолибе буд. Бозии мунтахабҳои Колумбия бо Перу, ки аз гурӯҳи В бозии даври сеюм ба шумор мерафт, бозӣ пуршиддат ҷараён гирифта, бо бартарии мунтахаби Перу анҷом ёфт. Голи ҳалкунандаи дидорро Йерри Мина дар дақиқаи 64 – ум ба дарвозаи мунтахаби кишвараш зада, Перуро, ки то ин дам имтиёз надошт, соҳиби 3 имтиёз намуд. Колумбия бошад, то ҳол бо доштани 4 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. 

Дар бозии ин давр аз гурӯҳи А бошад, мунтахабҳои Аргентина бо Парагвай бо ҳам дидор намуданд. Бозӣ дар умум он қадар ҳам ҷолибияте надошт, зеро Аргентина бо доштани ин қадар ситораҳои футбол ва мавқеи дуюм дар рейтинги ФИФА ҳамагӣ ба задани як гол, дар дақиқаи 10-ум аз тарафи футболбози дастаи "Севиля" Алехандро Гомес пешсафӣ намуда, то охири бозӣ ин нишондодро нигоҳ доштанд, ҳарчанд имкониятҳои зиёде аз тарафи Месси ва ҳамдастагонаш пеш меомад. Бо ин тарзи бозӣ, ба гумон аст, Ҷоми имсолаи Амрико шогирдони Лионел Скалони ба финал бароянд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив