LIVE

Ғалабаи дуюми бузурги Бразилия дар Ҷоми Амрико – 2020

Дар майдони “Олимпико Нилтон Сантос – Энженян” бозии дуюми гурӯҳи “В” миёни мунтахабҳои  Бразилия бо Перу баргузор гардид. Бозии мазкур бо ғалабаи бузурги бразилиҳо бо ҳисоби 4-0 итмом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 12 –уми бозӣ ҳимоятгари бразилӣ Алекс Сандро кушод. Дар нимаи дуюми дидор бошад, мизбонон бо голи задаи Неймар ҳисобро ду баробар зиёд намуданд. Дар дақиқаҳои охири бозӣ бошад, бо голҳои задаи Эвертон Рибейро ва Ришарлисон перугиҳоро тамоман ноумед намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар бозии аввал Бразилия мунтахабаи Венесуэларо бо ҳисоби 3-0 мағлуб намуда, аз ду бозӣ 6 имтиёзи соф ба даст оварда, садрнишини гурӯҳи худанд. Баъди онҳо мунтахаби Колумбия бо 4 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар бозиҳои боқимондаи худ, бразилиҳоро мунтахабҳои Колумбия ва Эквадор мунтазиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив