LIVE

4 голи беҷавоби Тоҷикистон ба дарвозаи Миянмар

Дар Ҷопон бозии охирини марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Мянмар баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ шогирдони Усмон Тошев бо натиҷаи 4:0 дастболо шуданд. Дар ин бозӣ голҳоро Комрон Турсунов, Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев ва Шаҳром Самиев ба самар расониданд. Бозии дигари гурӯҳи “Ғ” байни тимҳои миллии Ҷопон ва Қазоқистон бо натиҷаи калони 5:1 ба фоидаи Ҷопон хотима ёфт. Акнун баъди ин бозӣ Ҷопон бо касби 24 хол дар зинаи якум ва тими миллии мо бо 13 имтиёз дар зинаи дуюм қарор доранд. Ҳоло роҳ ёфтани мунтахаби мо ба марҳилаи сеюми Ҷоми ҷаҳон-2022 аз натиҷаи бозиҳои дигар гурӯҳ вобастагӣ дорад. Умед мебандем, ки мунтахаби мо аввалин бор дар таърихаш ба даври сеюми интихобии ҶҶ-2022 ва Чемпионати Осиё роҳ пайдо мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив