Саҳифаи расмии бошгоҳи КМВА исми сармураббии нави тимро эълон намуд. Ба ин мансаб Субҳони Амин Холис Ҳасан интихоб гардид. Ин мутахассиси эронӣ қаблан ҳам бо "артишиҳо" кор кардааст. Ёдовар мешавем, ки дар оғози мавсим Алиёр Ашӯрмамадов роҳбарии КМВА-ро ба дӯш гирифта буд, вале бинобар натиҷаҳои ғайириқаноатбахш Ашӯрмамадов истеъфо дод.
