LIVE

ФАВРӢ: Аввалин истеъфои сармураббӣ дар Лигаи Олӣ

Сармураббии дастаи футболи КМВА - Алиёр Ашӯрмамадов баъд аз се бохти пайҳам дар Чемпионати Тоҷикистон аз вазифаи худ канор рафт. Бо такия ба иттилои саҳифи расмии дастаи артишиҳо, мутахассиси 52 солаи тоҷик бо хоҳиши худ курсии сармураббиро тарк намудааст. Тими футболи КМВА дар оғози мавсим зери роҳбарии ӯ аз дастаҳои футболи "Файзаканд", "Эсхата" ва "Хуҷанд" мағлуб гардид. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаро феълан Файзалӣ Давлатов ба уҳда гирифтааст. Ёдовар мешавем, ки баъд аз рафтани мутахассиси украйнӣ - Сергей Житский Ашӯрмамадов ба мақоми сармураббии дастаи КМВА интихоб гардида буд. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив