LIVE

6 голи беҷавоби "Истиқлол" ба дарвозаи КМВА

Вохӯрии дӯстонаи дастаҳои “Истиқлол” ва “КМВА” дар Варзишгоҳи марказии ш.Душанбе доир гардида, бо ҳисоби бузурги  6 бар 0 ба суди “Истиқлол” хотима ёфт.  Дар рақобат  соҳибони майдон  пурра ташаббусро  ба даст гирифтанд, ин буд, ки пайиҳам дарвозаи ҳарифро рахна сохтанд. Голҳоро Алишер Ҷалилов (10, 31), Салам Ашурмамадов (24), Искандар Ҷ алилов (41), Шаҳром Сулаймонов  (73) ва Ромиш Ҷалилов (83) вориди дарвозаи артишиҳо сохтанд. Бояд зикр намуд, ки   дар нимаи вохӯрӣ  Виталий Левченко   8 бозигарашро  иваз кард, то барои дигар бозигарон ҳам имкони  ҳунарнамоӣ карданро фароҳам оварад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив