LIVE

"Истиқлол" бе легионерон ҳам дар Лигаи Олӣ қавӣ аст


Вохӯрии мавқуфмондаи даври 9-уми чемпионати мамлакат, ки мебоист 15-уми июн бо иштироки "Истиқлол" ва КМВА "Помир" доир гардад, бегоҳии 30-уми июн дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Ин аввалин бозии чемпиони феълии мамлакат ва садрнишини ҷадвали Лигаи олӣ пас аз барканории Ҳаким Фузайлов маҳсуб меёбад. Дар дербии Душанбе соҳибони майдон бе мушкилӣ ҳарифони худро дучори шикаст намуданд. Амирбек Ҷӯрабоев дар дақиқаи 28-ум ҳисобро боз кард. Дар поёни ниммаи аввал Шериддин Бобоев бо голи зеббояш дастаҳоро ба танаффус бурд. Ҳамлагар Шаҳром Самиев баъди ба майдон омаданаш дар дақиқаи 79-ум голи сеюмро ба номи худ сабт кард. Ҳамин тавр "Истиқлол" бо касби 25 хол пештози ягона дар ҷадвали мусобиқа шуд. Шогирдони Алишер Тӯхтаев баъди чанд рӯзи дигар бозии дигари мавқуфмондаро бо тими "Панҷшер" барпо хоҳанд кард. 

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 9-ум

 «Истиклол»  - КМВА «Помир» - 3:0

Голҳо: Амирбек Ҷӯрабоев, 28 (1:0).  Шериддин Бобоев, 44 (2:0). Шаҳром Самиев, 79 (3:0)

 «Истиклол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 63), Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Мухаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов (Комрон Турсунов, 62), Нуриддин Давронов (Шаҳром Самиев, 67), Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев.

КМВА «Помир» (Душанбе): Егор Хохлов, Бахтиёр Азимов, Идибек Ҳабибуллоев, Суҳроб Ҷалилов, Комрони Мирзохон, Шамсиддин Қосимов, Шервони Мабатшоев (Эйя Эдвард, 46), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (Билол Сулаймонов, 86), Шодибек Ғаффоров, Ваҳдат Ҳанонов.

бозингари беҳтарин: Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»).
Довар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошобин. 



Эзоҳ: Аксҳо аз сомонаи расмии КФ "Истиқлол" (fc-istiklol.tj) истифода шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив