LIVE

Охирин тамрини мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо Миянмар

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозии охирини интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бар муқобили тими миллии Миянмар идома медиҳад. Ёдовар мешавем, ки бозии мазкур рӯзи 15-уми июн дар шаҳри Осака баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии J-GREEN Sakai тамринҳои худро анҷом дод.  Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон баъд аз 7 бозӣ 10 имтиёз ба даст оварда, дар мақоми 3-юми гурӯҳи Ф қарор дорад. Дар даври охирини гурӯҳ Тоҷикистон бо Миянмар ва Ҷопон бо Қирғизистон бозӣ мекунанд. Оғози бозиҳо соати 15-уми 30 дақиқа ба вақти Душанбе дар назар аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив