LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳояшро барои бозӣ бо Мянмар оғоз кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозии даври охирини марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тими миллии Мянмар оғоз кард. Яккачини Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев 10 июн дар Осака  тамрини навбатиро баргузор кард. Машқҳо дар яке аз майдонҳои маҷмааи варзишии J-GREEN Sakai беш аз як соат давом кард.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври даҳуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон- 2022 дар гурӯҳи "F" байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Мянмар рӯзи сешанбеи 15 июн дар варзишгоҳи "Янмар Нагай"-и Осака соати 19:25 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад (15:25 - вақти Душанбе) баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив