LIVE

Ғалабаи бузурги Қирғизистон бар Мянмар

11 июн дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дастаи Қирғизистон дар Осака (Ҷопон) бо тими миллии Мянмар бозӣ карда, бо ҳисоби 8:1 пирӯз шуд. Ин ғалаба барои дастаи мунтахаби Қирғизистон бузургтарин ба ҳисоб меравад. Мунтахаби Тоҷикистон ҳам бо касби 10 хол  мақоми сеюмро дар гурӯҳ ишғол мекунад. Дар даври охирин, ки рӯзи 15 июн баргузор мешавад, Тоҷикистон бо аутсайдер- Мянмар бозӣ мекунад, Қирғизистон бо пешсафи гурӯҳ, тими миллии Ҷопон рақобат мекунад.
Дар сурати баробарии холҳо, ҷои дуюмро дар гурӯҳ эҳтимолан Қирғизистон ишғол мекунад - фарқияти тӯбҳо нисбат ба Тоҷикистон хеле беҳтар аст. Мо умедворем, ки  яккачини Тоҷикистон Мянмарро шикаст дода, ба даври набатӣ роҳ меёбад.

Мянмар-Қирғизистон -1:8
Голҳои Қирғизистонро Турсуналӣ Рустамов (22'), Гулжигит Аликулов (29'), Фарҳат Мусабеков (34'), Алимардон Шукуров (45'), Мирлан Мурзаев (45+2 '61', 78 ') ва Абай Боколеев ба ҳадаф расонданд. (63').

Голи ягонаи Мянмарро  Ҳлейн Бо Бо (69')  зад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив