LIVE

Бохти рақиби Тоҷикистон дар бозии интихобии ЧҶ-2021

Мунтахаби Муғулистон дар доираи бозии даври 9-уми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F”  яккачини Қирғизистонро шикаст дод.   Ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди  муғулҳо хотима ёфт. Голи ягонаи дидорро дар дақиқаи 34-ум  Mийиддорҷ Оюнбаатар ба самар расонид. Ҳамакнун баъди 9 давр  Муғулистон бо дарёфти 6 имтиёз дар зинаи охири ҷадвал қарор дошта, тими миллии Қирғизистон бо касби 7 хол дар мақоми 3-юм ҷойгир аст.  
Дар бозии дигари гурӯҳи “F”   яккачинҳои Ҷопон ва Тоҷикистон бо ҳам майдондорӣ мекунанд. Ҷараёни ин нерусанҷиро ТВ “Варзиш” ва “Футбол” мустақиман  7 июн соати 15-30 дақиқа пахш месозанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив