LIVE

Мемфис Депай футболбози "Барса" мешавад

Ҳамлагари нидерландӣ Мемфис Депай фаъолиятро дар “Барселона” идома медиҳад.
Ба гуфтаи рӯзноманигор Николо Шира, ҳамлагари 27-сола бо дастаи каталонӣ се сол шартнома имзо мекунад ва соле панҷ миллион евро ба иловаи мукофотпулӣ ба даст меорад.
Қарордоди мазкур ҳафтаи оянда расман эълон хоҳад шуд.
Депай ба “Барса” ройгон меравад, зеро қарордоди ӯ бо “Лион” тобистони имсол ба поён мерасад.
Дар мавсими гузашта, Депай дар 37 бозии лигаи Фаронса 20 гол зада, 12 партофти головар анҷом додааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив