LIVE

Ҳоланд не, Депай не! Куман ба ҳолландиҳо чашм ало кард

Агар "Барселона" бо ҳамлагари «Лион» Мемфис Депай ё ҳамлагари «Боруссия Дортмунд» Эрлинг Ҳолланд созиш карда натавонад, каталониҳо  метавонанд бо ҳамлагари ПСВ Донелл Мален шартнома ба имзо расонанд. Сармураббии «Барселона» Роналд Куман бозии футболбози 22-соларо хели писандидааст  ва дар ин бора ба роҳбарияти «нилунориҳо»  хабар додааст.  Аммо  арзиши гузариши ӯ, ки ҳоло 30 миллион евроро ташкил медиҳад, метавонад   мушкилӣ эҷод кунад. Кайд карда мешавад, ки Куман шахсан бо Мален ҳанӯз  дар даври дар дастаи мунтахаби Ҳолланд кор карданаш,  шинос аст.
Мален дар мавсими ҷории   Эредивизия дар 30 бозӣ ширкат варзида, дар он 17 гол зада, 7 партофти головар анҷом додааст.
Шартномаи Депай бо Лион то 30 июни соли 2021 эътибор дорад. Портали Transfermarkt ин бозигарро 45 миллион евро тахмин мезанад. Дар мавсими 2020/21 Депай дар Лигаи 1 35 бозӣ гузаронида, 19 гол задааст ва инчунин 10 партофти  самаровар анҷом додааст..
Ҳолланд аз моҳи январи соли 2020 дар тими "Боруссия" бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ ӯ дар чемпионати Олмон 26 бозӣ гузаронида, дар он 25 гол зада, 7 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив