LIVE

Де Йонг Мессиро беҳтарин футболбоз дар таърих номид

Нимҳимоятгари "Барселона" Френк  де Йонг фикру андешаҳояшро дар бораи  Лионел Месси баён кард.

«Ман фикр мекунам, ки Месси дар "Барселона" хушбахт аст. Ман дар ҳақиқат умедворам, ки ӯ мемонад, зеро ин ба мо кӯмак мекунад. Вай то ҳол дар ҳама давру замон беҳтарин футболбоз аст.  Бо ӯ бозӣ кардан кори махсус аст. Вақте ки ман дувоздаҳсола будам, ӯ аллакай беҳтарин дар ҷаҳон буд. Ман бо эҳтиром ба ӯ нигаристам. Агар ман метавонистам байни Месси ва ягон футболбози дигар интихом кунам, ман ба ҳар ҳол Мессиро интихоб мекардам. Интихоби дигар беақлист. Вай беҳтарин футболбоз дар таърих аст», - мегӯяд де Йонг.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи Месси бо "Барселона" 30 июни соли 2021 ба итмом мерасад. Аргентинии 33-сола тамоми фаъолияти худро дар бошгоҳи каталонӣ гузаронидааст. Бо "Барселона"  Месси чаҳор маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳо шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив