LIVE

Лапорта оид ба Месси тасмими ҷиддӣ гирифт

Президенти нави “Барселона” Жоан Лапорта аз сарвони “нилунориҳо” Лионел Месси хоҳиш кард, ки ҳангоми савгандёдкунӣ дар Камп Ноу бимонад.

«Хушҳолам, ки дар нахустин рӯзи президентиам беҳтарин футболбози ҷаҳонро дар “Барселона” мебинам. Ҳама аъзои даста ва тамоми мардуми шаҳр аз будани ӯ хурсанд мебошанд. Ман барои қабули қарорҳои ҷиддӣ омадаам. Масалан, барои боз доштани Лионел Месси тамоми корро мекунам. Ман ҳоло аз он ки ӯ дар инҷост, истифода мекунам. Ва Месси худаш медонад, ки дар даста боқӣ монданаш то чӣ андоза муҳим аст. Лео ту медонӣ ки мо чӣ андоза туро дуст медорем. Мо тамоми корро барои боз доштани Лео мекунем. Ту  ба ягонҷо рафта наметавонӣ. Мо инро танҳо карда наметавонем. Чӣ тавре ки суруди миллии мо мегӯяд, мо ҳама якҷояем. Хусусан дар ин лаҳзаҳои душвортарин. Мо медонем, ки ин корро чӣ тавр бояд кард. Вақте ки пандемия ба итмом мерасад, даромади мо бармегардад. Мо роҳбарияти қавӣ хоҳем дошт, зеро маро мутахассисони воқеӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Қарорҳои огоҳона қабул хоҳем кард. Барои муҳофизати клуб шумо бояд зиндагӣ ва нафас кашед ва мо инро ҳарчи зудтар мекунем», — иқтибос меорад маҷаллаи Goal.com аз суханҳои Лапорта.

Шартномаи Лионел Месси бо “Барселона” 30 июни соли 2021 ба итмом мерасад. Тобистони соли гузашта аргентинии 33-сола наздик буд, ки клуби шаҳри Каталонияро тарк кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив