LIVE

"ПСЖ" Зиданро ба Париж даъват кард

Зинедин Зидан, ки аз вазифаи сармураббии "Реал" рафт, метавонад "Пари Сен-Жермен" -ро роҳбарӣ кунад.
Бино ба иттилои манбаъ, роҳбарияти ПСЖ дар бораи истеъфои эҳтимолии мураббии феълии клуб Маурисио Почеттино фикр мекунад ва номзадии Зиданро баррасӣ доранд. Қайд карда мешавад, ки таъини Зидан як имконияти дигари нигоҳ доштани Килиан Мбаппе дар Париж мебошад. Зидан бори аввал “Реал Мадрид”-ро дар миёнаи мавсими солҳои 2015/2016 ба ихтиёри худ гирифт. Вай дастаро ба се ғалаба дар Лигаи Чемпионҳо инчунин унвони чемпиони Испания, Суперҷом, ду Суперҷоми УЕФА ва ду Ҷоми ҷаҳонии клубҳо бурд. Дар соли 2018, ӯ клубро тарк кард ва дар аввали соли 2019 баргашт ва ба рӯйхати дастовардҳо боз як чемпионии дигар ва Суперҷоми Испанияро илова кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив