LIVE

"Вилярреал"- ғолиби Лигаи Аврупо дар мавсими 2020-2021

Бошгоҳи “Вилярреал”-и Испания дар таърихи худ бори аввал барандаи  Ҷоми Лигаи Аврупо гардид. Дар бозии ниҳоии Лигаи Аврупо «Вилярреал» тими  «Манчестер Юнайтед»-и Англияро мағлуб кард. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи  «Энерга Гданск»-и Полша дар ҳузури беш аз 9500 мухлисон  доир гардид. Ҳамлавари «Вилярреал» Жерар Морено дар дақиқаи 30-юми бозӣ аз партофти ҳамдастааш Дани Парехо истифода намуда, ҳисобро кушод ва тимашро пешсаф кард. Қисми аввали бозӣ бо ҳамин натиҷа пушти сар шуд. Дар дақиқаи 55-уми қисми дуюми бозӣ  футболбозони "Манчестер Юнайтед" таносубро барқарор намуданд. Эдинсон Кавани аз иштибоҳи футболбозони рақиб истифода намуда, тӯбро вориди дарвозаи “Вилярреал” намуд. То охири вақти асосии бозӣ ва ду қисми иловагӣ низ дастаҳо натавонистанд натиҷаро тағйир диҳанд. Ғолиб танҳо дар силсилазарбаҳои пеналтӣ муайян шуд. Дар силсилазарбаҳои 11 метра аз ҳарду тим 11 нафарӣ имкон пайдо намуданд, то ҷониби дарвозаи якдигар зарба зананд. Аз дастаи "Вилярреал"  Жерар Морено, Дани Раба, Пако Алкасер, Алберто Морено, Даниэл Парехо, Мои Гомес, Раул Албиол, Франсис Коклен, Марио Гаспар, Пау Торрес ва дарвозабони даста Хероима Рули аз пеналтӣ тӯбро вориди дарвозаи "Манчестер Юнайтед" намуданд. Аз дастаи "Манчестер" бошад, Хуан Мата, Алекс Теллес, Бруну Фернандеш, Маркус Рэшфорд, Эдинсон Кавани, Фред, Даниэл Ҷемс, Люкс Шоу, Аксел Туанзебе, Вилтор Линделёф ба осони тӯбро вориди  “Вилярреал” намуданд. Дар ҷараёни силсилазарбаҳои 11 метра танҳо дарвозабони "МЮ" Давид Дехеа аз иҷрои задани ҷаримаи 11 метра баромада  натавонист. Ҳамин тариқ, дастаи  “Вилярреал” барандаи Ҷоми Аврупо дар мавсими 2020-2021 гардид. Ин қаҳрамонӣ   барои “Вилярреал” дар таърихи мавҷудияташ аввалин бор ба ҳисоб меравад. Лозим ба ёдоварист, ки то ба даври ниҳоӣ расидани “Вилярреал” саҳми сармураббии ин тим Унаи Эмери хеле бузург аст, зеро ин мутахассис қаблан низ се маротиба пай дар пай бо дастаи "Севиля" ин ҷоизаро моли худ намуда  буд.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив