LIVE

Ғалабаи “Валенсия” дар дерби

Шаби 30-юми ноябр дар доираи рақобатҳои даври 15-уми Ла Лига дар мавсими ҷорӣ дастаи “Валенсия” бо тими “Вилярреал” майдондорӣ кард. Маврид ба зикри хос аст, ки ҳар дуи ин бошгоҳ аз музофоти Валенсияанд. Миёни мухлисону алоқамандони футбол дидори ин ду тим бо номи “Дербии музофоти Валенсия” маъруф аст. 
Бозии дастаҳо басо диданиву шавқангез сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи дастаи мизбон хотима ёфт. Ҳар се голи ин майдондориро дастаҳо дар қисми дуюм заданд. Ибтидо Родриго аз партоби Максимиллиано Гомес истифода карда, дарвозаи “Вилярреал”-ро рахна кард. Дар дақиқаи 54-ум ниммуҳофизатгар Андре-Франк Ангисса ҳисобро баробар намуд. Агарчанде ин бозигари 24 солаи тими миллии Камерун дар ҳайати бошгоҳҳои мъруфе чун “Олимпик Марсел” ва “Фулҳэм” бозӣ кардааст, лек бори нахуст дар фаъолияти касбиаш дар ҳайати дастаҳо ба задани гол даст меёбад.
Голи пирӯзиовари “Валенсия”-ро Ферран Торрес дар дақиқаи 70-ум марбути номи худ кард. Ҳамин тавр “Валенсия” баъд аз ин пирӯзӣ ба ҷойи 7-уми ҷадвали мусобиқа баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив