LIVE

Тақсими имтиёз дар Испания ва умеди охирин дар даври шашум

Дидори дастаҳои "Валенсия" ва "Челси" дар даври панҷуми бозиҳои гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бо натиҷаи 2-2 дар "Месталя" ба поён расид.  Дастаҳо дар ду дақиқаи охири нимаи аввал ду дафъа дарвозаи ҳамдигарро рахна карданд. Саравал бозингари мизбонон Карлос Солер (дақ 40) ҳисобро боз кард, вале баъди як ҳуҷум Матео Ковачич (дақ 41) натиҷаро баробар намуд. Дар оғози нимаи дуюм голи задаи Кристиан Пулишич (51) "ашрофзодаҳоро" ба пеш баровард, аммо дар дақиқаи 82-юм Даниэл Васс бо голи зебояш ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Ҳамин тавр дастаҳо имтиёзро байни ҳам тақсим карданд. Дар даври 6-ум, ки охирин вохуриҳои марҳилаи гуруҳи аст, "Челси" дар майдонаш бо "Лил" бозӣ мекунад ва "Валенсия" дар сафар бо "Аякс".  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив