LIVE

"Хуҷанд" имконияти аз гурӯҳ бароманданро аз даст дод

Дар  даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми конфедератсияи  футболи Осиё дар гурӯҳи "F"  дастаи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон бо ҳисоби 3 бар 0 аз тими "Насаф"-и Ӯзбекистон шикаст хурд. Футболбозони ӯзбек ҳарсе голро дар қисми аввал вориди дарвозаи "Хуҷанд" намуданд. Дар дақиқаи 9-уми қисми аввал нимҳимоятгари "Насаф"   Акмал Мозгавой аз партофти Ҳусниддин Алиқулов истифода намуда, голи аввали тимашро зад.   Дар дақиқаи 41-ум пас аз як ҳамлаи бобарор футболбозони рақиб ҳисобро 2 бар 0 намуд. Муалифи гол Ҳусниддин Алиқулов гардид. Алиқулов бо сар тӯбро вориди дарвозаи Алексей Матроссов намуд. Дар охири пайти аввал бозигарони "Насаф" аз иштибоҳи футболбозони "Хуҷанд" истифода намуданд ва голи сеюми худро заданд. Ин навбат тӯбро ба дарвозаи футболбозони тоҷик Шерзод Насруллоев зад. Дар қисми дуюми дидор дастаҳо натавонистанд натиҷаро тағйир диҳад ва ҳамин тавр, тими "Насаф" бо ҳисоби 3 бар 0 бар дастаи "Хуҷанд" пирӯз шуд.  
Пас аз анҷоми бозиҳои даври дуюм тими "Насаф"-и Ӯзбекистон бо касби 6 хол дар садри ҷадвали гурӯҳи "F" қарор дорад. Дастаи "Алтин Асир"-и Туркманистон бо 4 хол зинаи дуюмро ихтиёр намудааст. Маҳз яке аз ин ду тим дар даври охир соҳиби роҳхати марҳилаи плей-офф  муайян мегардад. Дастаи "Хуҷанд" бо 1 хол дар мақоми сеюм ва "Олой" бидуни касби имтиёз дар таҳхонаи гурӯҳ қарор гирифтааст.     

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив