LIVE

Почеттино ба “Тоттенхэм” бармегардад?

Роҳбарияти бошгоҳи лондонии “Тоттенҳем” омодаанд то ҳамаи чораҳоро оиди баргаштани Почеттино ба ин даста андешанд – менигорад хабаргузории The Independent. Алҳол мутахассиси 49 – солаи аргентинӣ Маурисио Почеттино дар вазифаи сармураббии дастаи фаронсавии “Пари Сен-Жермен” фаъолият дорад. 
Тибқи маълумоти хабаргузории номбурдасабаби баргардондани ӯро роҳбарони бошгоҳ дар рафтани ҳамлавари машҳури ин даста Ҳарри Кейн мебинандки қасди тарки ин бошгоҳро дорадДар сурати бозгашти Маурисио ба даста, метавонад Кейн тасмимашро иваз кунад. Худи Почеттино дар айни замон оиди аз “ПСЖ” рафтанаш ва ё идомаи кораш дар ин бошгоҳи парижӣ чизе нагуфтааст, он ҳам дар ҳолеки даста имсол на дар Лигаи қаҳрамонҳо муваффақ гашту на ҳатто қаҳрамони футболи Фаронса гаштИн мушкилиҳои ҷойдоштаи “ПСЖ” метавонад сабаби баргаштанаш ба Англия шаванд ва дар сурати баргаштанаш низ мухлисони “Тоттенҳем” ҳам метавонанд ором шавандчун аз натиҷаҳои ин даста дар мавсими имсола норозианд. 
Почеттино дар солҳои 2014-2019 сармураббии ин дастаи лондонӣ будақабл аз он дастаҳои “Саутгемптон” ва Эспанйол”-ро тамрин медод. Бо “Тоттенҳем” мутахассиси аргентинӣ то финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ва Ҷоми Лигаи Англия расида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив