LIVE

"Лилл" парижиҳоро аз тахт фурӯд овард

Дар 8 соли охир "ПСЖ" 7 маротиба унвони қаҳрамонии Фаронсаро ба даст оварда буд. Вале имсол  дастаи "Лилл" парижиҳоро аз тахти қаҳрамонӣ   фароварда, бори чаҳорум дар таърихи хеш чемпиони кишвар гардид.
Дар бозии охирини даври 38-уми Лигаи якуми Фаронса дастаи "Лилл" дар сафар "Анже"-ро  шикаст дод.  Ҳисобро дар дақиқаи 10-ум Ҷонатан Дэвид боз намуд. Дар дақақаҳои илованамудани довар   ба қисмати якуми бозӣ  ба дарвозаи мизбонон пеналтӣ таъйин намуд, ки ҳамлагари турктабори "Лилл" Бурак Йилмиз онро ба самар расонида, бартарии тимашро дучанд сохт. Нимҳимоятгари  "Анже" Анжело Фюлжини дар лаҳзаҳои охири  дидор  ба як голи ҳарифон ҷавоб гуфт.  Ин пирӯзӣ ба шогирдони Кристоф Галтйе имкон  дод, то дар 38 бозӣ 83 имтиёз  дарёфта, мақоми аввали ҷадвали чемпионатро ба даст орад. Ва ҳамзамон  қаҳрамони Фаронса дар мавсими 2020-2021 гардад. Дастаи "ПСЖ" 1 имтиёз камтар  дошта, мақоми дуюмро ишғол намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив