LIVE

ПСЖ- барандаи Суперҷоми Фаронса

Дишаб дастаҳои ПСЖ ва "Марсел" барои ба даст овардани   Суперҷоми Фаронса бо ҳам неру санҷиданд. Ин вохӯрӣ ар  варзишгоҳи "Феликс Блар" сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди парижиҳо хотима ёфт. Дар дақиқаи 39-ум Мауро Икарди ҳисобр боз намуд.  Дар қисмати дуюм, дар дақиқаи 85-ум  Неймар аз зарбаи ҷаримавии 11 метра ба задани гол даст ёфта, бартарии дастаашро дучанд сохт. Бо гузашти 4 дақиқа  Димитри Пайет   ба як голи ҳарифон ҷавоб гуфт. Бо ҳамин ПСЖ барандаи Суперҷоми Фаронса гардид. 
 Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта мусобиқот бинобар  паҳншавии бемории Ковид-19  қабл аз муҳлат ҷамъбаст шуда, ПСЖ чемпиони Фаронса эълон шуда буд.  Дар мавсими ҷорӣ бошад, парижиҳо дар 19  бозӣ 39 имтиёз касб карда,  зинаи 2-юми  ҷадвали Лигаи 1-ро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив