LIVE

“ПСЖ” мавсимро бо нокомӣ оғоз кард

Дар даври дуюми Лигаи 1-уми Фаронса, тими футболи навкори Чемпионати Фаронса “Ланс” дар майдони худ “Пари Сен-Жермен”-ро қабул намуд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи Феликс Болар баргузор шуд ва бо пирӯзии ҳангомавии мизбонон бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт. Голи ягонаи бозӣ дар дақиқаи 57-ум ба дарвозаи парижиҳо зада шуд. Ҳамлагар Инятиус Ганаго муаллифи зарбаи ҳадафрас гардид.  Ин бозӣ барои “ПСЖ” аввалин дар мавсими нав буд. Дар даври аввал, қаҳрамони феълии Фаронса мебоист дар майдони худ бо “Метс” бозӣ мекард, аммо вохӯрӣ ба рӯзи 16-уми сентябр мавқуф гузошта шуд. Ин аввалин имтиёзи дастаи “Ланс” дар Лигаи якуми Фаронса маҳсуб мешавад. Дар даври 1-ум даста аз “Нитс” бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив