LIVE

"ПСЖ" соли 2020-ро бо пирӯзӣ ҷамъбаст намуд

Бошгоҳи “ПСЖ” даври 17-уми Лигаи якуми Фаронсаро бо пирӯзӣ ҷамъбаст намуд. Дар ин давр парижиҳо 4 голи беҷавоб ба дарвозаи "Страсбур" заданд. Дар дақиқаи 18-уми пайти аввал ҳимоятгари 18-солаи ПСЖ Тимоти Пембеле ҳисобро кушод. Ин гол барои  Пембеле   аввалин дар футболи калон ба ҳисоб меравад.  Қисми аввал бо ҳамин натиҷа поён ёфт. Дар дақиқаи 80-уми қисми дуюм Киллиян Мбаппе аз партофти Анхел Димария истифода намуда, таносубро дуболо намуд. Футболбози дигари "Пари-Сен-Жермен"  Идрисса Гуйе голи сеюми тимашро зад. Мойзе Кин ба бозӣ нуқта гузошт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив