LIVE

Роналду ҳам бо Пеле баробар шуд

Дар доираи рақобатҳои даври 13-уми Чемпионати Италия бошгоҳи «Парма» тими  «Ювентус»-ро  ба ҳузур пазируфт.  Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи  «Эннио Тардини»-и  Парма доир гардида, бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди меҳмонон поён ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 23-юми пайти аввал нимҳимоятгари шведии "Ювентус" Деян Кулусевски кушод. Бо гузораи 3-дақиқа Криштиану Роналду таносубро дуболо намуд. Пайти аввали нерусанҷӣ бо ҳамин ҳисоб хатм шуд. Қисми дуюми бозӣ бо голи таърихии  Роналду оғоз шуд. Ин гол барои ҳамлавари португалӣ дар бозиҳои расмӣ 757-умин ба ҳисоб меравад, ки аз рӯйи ин натиҷа Роналду бо шоҳи футбол баробар шуд. Ва он рӯз дер нест, ки форварди "Ювентус" рекорди шоҳи футболро нав кунад. Голи 4-уми туриниҳоро ба дарвозаи дастаи "Парма" дар дақиқаи  86-ум Алваро Мората ба самар расонид. 

        

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив