LIVE

Роналду натавонист ба "Ювентус" пирӯзӣ оварад


   Дар даври 12-уми Чемпионати Италия бошгоҳи «Ювентус»,  тими «Аталанта»-ро ба ҳузур пазируфт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи  «Алянтс - Ювентус» баргузор гардида бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ поён ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 29-уми пайти аввал ҳамлавари  «Ювентус» Федерико Киеза кушод. Голи ҷавобиро дар дақиқаи 57-уми қисми дуюм нимҳимоятгари  «Аталанта»   Ремо  Фройлер  зад. Соҳибони майдон имкон доштан то дар ин рақобат пирӯз шаванд, аммо форварди “Ювентус”  Криштиану Роналду натавонист ҷаримаи 11 метраро ба гол табдил диҳад. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив