LIVE

Мулоқоти Аллегри бо намояндагони “Реал”

"Реал" дар ҷустуҷӯи мураббии нав қарор дорад. Зеро овозаҳо дар мавриди рафтани Зинедин Зидан бо гузашти ҳар рӯз бештар мешавад. 
Намояндагони клуби мадридӣ бо сармураббии собиқи “Ювентус” - Массимилиано Аллегри мулоқот карданд.
Ҷонибҳо аз моҳи март инҷониб дар робита қарор доранд. Ин мутахассиси 53-сола розӣ аст, ки роҳбарии клубро ба душ бигирад.   
Аллегриро дастаҳои Италия низ даъват кардан мехоҳанд, аммо ӯ бартариятро ба “Реал Мадрид” медиҳад. 
Пештар хабар дода шуд, ки номзадҳо ба вазифаи мураббии "Реал" - Раул ва Йоахим Лёв мебошанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив