LIVE

“Ювентус” Зиданро ба Турин даъват мекунад

“Ювентус” метавонад дар охири мавсим аз сармураббӣ хеш Андреа Пирло ҷудо шавад.  Тибқи иттилои Goal.com Зинедин Зидан, ки айни замон сарварии “Реал Мадрид”-ро ба уҳда дорад, дар рӯйхати коршиносоне шомил шудааст, ки туриниҳо ҳамчун мураббии нав барои даъват ба курсии сармураббигӣ довталаб маҳсуб мешавад. Ғайр аз ӯ “Ювентус” мақсад дорад, ки  мураббии собиқи худ Массимилиано Аллегриро дубора ба даста ҷалб созад. Тавре гуфта мешавад муносибат байни Пирло ва президенти “Ювентус”- Андреа Агнелли сард шудааст. Ин даста, ки 55 хол дорад, дар ҷадвали умумии чемпионати Италия дар ҷои сеюм аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив