LIVE

"Истиқлол" бозиҳои худро дар чемпионати Тоҷикистон бо ғалаба оғоз кард

Даври шашуми чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. “Истиқлол” бозии аввалини худро дар чемпионат пас аз бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC анҷом дод. Рақиби қаҳрамони бисёркаратаи кишвар тими КМВА маҳсуб мешуд, ки майдондории ин клубҳои футбол бо ҳисоби 1 бар 0  хатм шуд. 
Ғалабаи клуби пойтахтро дар дақиқаи 14-уми вохӯрӣ ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов бо голи худ таъмин кард. 
Дар бозии дигар «Эсхата» бар «Файзканд»  бо ҳисоби  3:1 ғалаба кард.  "Куктош" ва "Душанбе" дидори худро бо натиҷаи мусовии 2:2 ҷамъбаст намуданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив