LIVE

Бохти соҳибони майдон дар даври шашуми чемпионати кишвар

Дар даври шашуми Лигаи олии кишвар, шоми дирӯз – 6 май, дастаҳои “Истаравшан” бо “Хуҷанд” ва “Равшан” – и шаҳр Кӯлоб бо “Хатлон” – и шаҳри Бохтар вохӯрӣ анҷом доданд. Ин бозиҳо дербии шимол ва дербии ҷануби кишвар унвон мешуд. Дар ҳар ду бозӣ ҳам соҳибони майдон мағлуб гаштанд.

“Истаравшан” бо ҳисоби 2-3 ба дастаи “Хуҷанд” мағлуб гашта, голҳоро аз “Истаравшан” Илҳомҷон Баротов, Бахтиёр Абдураҳмонов ба самар расонида, аз меҳмонон бошад, Артём Сердюк ҳар се голро ба самар расонид.

Дастаи “Равшан” – и шаҳри Кӯлоб бошад, дар майдони марказии шаҳри Кӯлоб дастаи “Хатлон” – и шаҳри Бохтарро қабул намуда, бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт. Голи ягонаи кӯлобиҳоро Эффаҳ Кингслей Осей ба ҳадаф расонида, аз меҳмонон Нуриддин Ҳамроқулов ва Тоҳирҷон Тағойзода ду гол зада, бохтариҳоро соҳиби се имтиёз гардониданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив